Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Қазоқистон тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистонро таҳқиқ мекунад


Гузаргоҳи гумрукии Қазоқистон- Қирғизистон

Пулиси Қазоқистон наздикони сокини вилояти Ҷамбули ин кишварро, ки дар пайи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон кушта шуд, бозпурсӣ мекунад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба мақомоти қудратии вилояти Ҷамбул иттилоъ медиҳанд.

Расонаҳо менависанд, наздики соати 20-00 шоми дирӯз дар дидбонгоҳи "Жасоркен" марзбонон маҷбур шуданд ба сӯи марзшиканҳои эҳтимолӣ тир кушоянд. Як гурӯҳи иборат аз 15 нафар аз амри марзбонон сарпечӣ ва ба сӯи онҳо санг партофт. Яке аз ҳамлагарон маҷруҳ шуда, баъдтар фавтид. Афроди дигари гуруҳ ба деҳаи наздики марз фирор карданд.

Фавтида сокини деҳаи Жасоркен буда, шаҳрвандии Қазоқистонро доштааст. Шахсияти афроди дигари гуруҳ мушаххас нашудааст.

Видеоҳои охирин

Роҳ ва боғу полезҳои Исфара вайрон шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:10 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG