Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф: То сарнавишти Покистонро тағйир надиҳам...


Навоз Шариф, нахуствазири пешини Покистон дар ҷамъи тарафдоронаш
Навоз Шариф, нахуствазири пешини Покистон дар ҷамъи тарафдоронаш

Навоз Шариф, нахуствазири пешини Покистон, гуфт, ки сарнавишти кишварашро тағйир хоҳад дод. Ӯ ин изҳоротро шоми 12-уми август дар ҷамъи ҳазорон нафар аз тарафдоронаш дар Лоҳур баён дошт.

Навоз Шариф, ки охири моҳи июл бо қарори Додгоҳи олии Покистон аз масъулияташ маҳрум шуд, бори дигар ин ҳукмро ба боди танқид кашид. Ӯ гуфт, ин ҳукми Додгоҳи олӣ ба маънои арҷ нагузоштан ба раъйи мардум аст.

Ӯ гуфт, то замоне ки сарнавишти кишварашро тағйир надиҳад, бозниашста нахоҳад шуд.

Навоз Шариф рӯзи нӯҳуми август як роҳпаймоиро таҳти номи “Корвони демократия” роҳандозӣ кард, ки аз Исломобод оғоз ёфта ва шаби гузашта ба шаҳри Лоҳур расид. Нахуствазири пешини Покистон то расидан ба Лоҳур дар се шаҳр таваққуф карда ва дар ҳузури тарафдоронаш суханронӣ намуд.

XS
SM
MD
LG