Пайвандҳои дастрасӣ

3 кушта ва 35 захмӣ. Трамп ҳодисаи Шарлотсвиллро маҳкум кард. ВИДЕО


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – хушунатҳо дар шаҳри Шарлотсвилли аёлати Вирҷинияро, ки боис ба кушта шудани се нафар ва ҷароҳати 35 тани дигар шуд, шадидан маҳкум кард.

Ин хушунатҳо рӯзи 12-уми август, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки дар ҷараёни роҳпаймоии сафедпӯстони миллигаро ва мухолифонашон даргирӣ рух дод. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни даргирӣ як мошин ба сӯи эътирозгарон ҳамла карда ва чанин нафарро пахш намуд.

Дар ин ҳодиса як нафар кушта шуд. Ду тани дигар дар суқути як чархбол дар маҳалли ин тазоҳурот ҷон бохтанд, ки ба гуфтаи пулис ба ҳамин хушунатҳо дар Вирҷиния рабт дорад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳодисаро маҳкум кард ва гуфт, “ончи дар Шарлотсвилл сурат гирифт, намоиши нафрат, нажодпарастӣ ва хушунат буд, ки онро башиддат маҳкум мекунам.”

Трамп гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бо раҳбари аёлати Вирҷиния сӯҳбат кардааст ва ҳарду ба ин боваранд, ки бояд ҳамин ҳоло ба тафриқаандозӣ ва нафартбарангезӣ поён дода шавад.

ВИДЕО САҲНАҲОИ НОРОҲАТКУНАНДА ДОРАД:

Мошин издиҳоми тазоҳургаронро зад
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:04 0:00

Видеоҳои охирин

Видоъ бо қурбонии покистонии тирпарронӣ дар мактаби амрикоӣ
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:10 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG