Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши ҳамсари Навоз Шариф барои дарёфти курсии порлумон


Кулсум Навоз ва духтараш Марям Навоз

Бегим Кулсум Навоз, ҳамсари Навоз Шариф, нахуствазири барканоршудаи Покистон, барои дарёфти курсии вакили порлумон талош хоҳад кард. Мақомоти Ҳизби лигаи мусалмонони Навоз Шариф гуфтанд, ки варақаи номзадии Бегим Кулсум рӯзи 11-уми август дар Лоҳур супурда шуд.

Ин интихобот дар тӯли 45 рӯзи оянда баргузор хоҳад шуд.

Навоз Шариф моҳи гузашта бо қарори Додгоҳии олии Покистон радди салоҳият шуд. Додгоҳи олии Покистон гуфт, ки Шариф дар бораи дороии худ маълумоти кофӣ надодааст.

Аммо Навоз Шариф ин иқдоми Додгоҳи олии кишварашро иҳонат ба миллионҳо покистонӣ донист, ки барои пирӯзии ӯ раъй додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG