Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон: Хатна дар бемористон ва то 20-рӯзагии кӯдак анҷом шавад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри пешниҳоде хостори таҳрири қонуни танзими расму оинҳо шуд. Аз ҷумла, Раҳмон ба қонунгузорони тоҷик пешниҳод кардааст, ки дигар иҷоза надиҳанд, ки маросимҳои чил, худоӣ ва хатнасур бошукӯҳ бо ташкили маъракаҳои махсус таҷлил шавад.

Дар шарҳи иловаҳо ба қонун дар бораи танзиму анъана, ки рӯзи 11-уми август дар сомонаи раиси ҷумҳур нашр шуд омадааст: “Маросими хатнасур бояд бо иштироки аҳли хонавода баргузор шавад ва соҳибони маърака ҳаққи овардани овозхонҳоро надоранд”. Хатна бошад бо розигии падару модар то бистрӯзагии навзод дар шифохонаҳо ройгон сурат мегирад.

Ҳамчунин президент пешниҳод кардааст, ки ҳангоми баргузории маросими азодороии «се», «чил» ва «сол» забҳи чорво ва додани таом манъ шавад.

Гузаронидани маъракаи ақиқа низ манъ карда мешавад. Ақиқа, як маросими мазҳабист, ки пас аз таваллуди тифл онро бархе анҷом медиҳанд. Шарти ба ҷо овардани маросими ақиқа ин аст, ки ҳангоми таваллуди писар мард бояд ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфандро сар бизанад.

Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 9-уми август дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи А. Ҷомӣ гуфт, ки даҳ сол таҳқиқ кард, вале на дар китоби Қуръон ва на дар ҳадисҳо таъкид ба баргузории маъраказое ба мисли «се», «чил» ва «сол» пайдо накард.

Аз ин рӯ, гуфт, ки ин маросимҳо ба ислом рабт надоранд. Қонуни танзими расму оинҳои миллӣ, ки як санади баҳсбарангез буд, 10 сол пеш қабул шуд ва мунтақидон мегӯянд, ки ин санад ҳуқуқи конститутсионии мардумро маҳдуд мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG