Мақомоти вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки амалиёти заминӣ барои бозпасгирии деҳаи Мирзо Оланги ноҳияи Сайёди ин вилоят дар як-ду рӯзи оянда оғоз мешавад. Забеҳулло Амонӣ, сухангӯи раиси вилояти Сарипул шаби 10-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин амалиёт "муваффақиятомез" хоҳад буд. Оқои Амонӣ гуфт, ки амалиёти ҳавоӣ дар маҳал идома доард ва дар натиҷа ба шӯришиён талафони сангин ворид шудааст. Ӯ шумораи талафоти ҷонии Толибонро мушаххас нагуфт.
Муҳаммад Зоҳир Ваҳдат, волии Сарипул рӯзи 10-уми август дар сӯҳбат ба хабарнигорон аз таъхири оғози амалиёт барои бозпасгирии деҳаи Мирзо Оланг интиқод кард. Толибон дар ҳамоҳангӣ бо як фармондеҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ", ҳафтаи гузашт ба ин деҳа ҳамла карда, беш аз 50 нафарро куштанд ва садҳо тани дигарро ба гарав бурданд. Баъдтар бо миёнҷигарии сарони қавмӣ ва мақомот беш аз 200 тан асирон раҳо шуданд, вале ин деҳа ҳамакнун дар ихтиёри Толибон қарор дорад.