Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ дар як видеои нав Эронро таҳдид кард


Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар як навори зоҳиран нави видеоӣ таҳдид кардааст, ки ҳамлаҳоеро дар Эрон пиёда хоҳад кард. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", дар навор як марди ниқобпӯш, ки дар даст "Калашников" дорад, бо ду нафари дигар зоҳир шуда ва Эронро таҳдид мекунад.

Дар ин навор аксҳо тозаие нафаре нишон дода шуд, ки ҳамла ба бинои порлумони Эрон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ дар Теҳронро анҷом дод. Дар ин ҳамлаҳо 18 ғайринизомӣ ва панҷ ҳамлавар кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шуданд. Ба гузориши "Рейтерз", дар ин навор як шахс бо забони форсӣ суҳбат мекунад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи 8-уми август вазорати амнияти Эрон бо нашри як баёния аз боздошти аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" хабар дод, ки қасди анҷоми амалиёти "террористӣ" дар Эронро доштанд.

XS
SM
MD
LG