Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи беш аз 5-дараҷаӣ Бодруми Туркияро такон дод


Заминларзаи 5,3 - дараҷаӣ, истироҳатгоҳи серодами Бодрум, воқеъ дар соҳилҳои баҳри Миёназаминро такон дод. Маркази зилзила дар 14 километрии Бодурм қарор дошт. Дар ин бораи Маркази омӯзишҳои геологии ИМА хабар дод. Дар бораи хисороти ҷони маълумот пахш нашудааст.

Оҷонсии мудирияти ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия гуфт, ки заминларза соати 11-и субҳи сешанбе ба вуқӯъ пайваст. Бодрум аз истироҳатгоҳҳои дӯстдоштаи туркҳо ва хориҷиҳост. Моҳи гузашта заминларзаи қавӣ ду нафарро дар ҷазираи истироҳатии Кос ба ҳалокат расонд ва меҳмононро ба ҳарос овард.

Моҳи июн, заминларзаи дигар бо нерӯи 6,3 дар соҳилҳои ғарбии Туркия ба вуқӯъ пайваста, ҷазираҳои Юнону Лесбос ва биноҳоро аз вилояти Измир то Афина такон дод.

XS
SM
MD
LG