Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров Тиллерсонро аз ҷузъиёти чораҳои ҷавобии Москва огаҳ кард


Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот бо котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ҷузъиёти чораҳои ҷавобии Москваро шарҳ дод, ки дар посух ба таҳримҳои нави Вашингтон пиёда мешаванд.

Лавров гуфт, ки бо Тиллерсон дар ҳошияи ҳамоиши АСЕАН, дар шаҳри Манилаи Филиппин, мулоқоти тӯлонӣ дошт. Вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки дар сурати даст кашидани ИМА аз рӯёрӯӣ Москва омодааст, бо Вашингтон муколамаҳои муътадилро ба роҳ монад.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 28 июл хабар дод, ки шумори ҳайати дипломатии ИМА, бо шумули кормандони техникӣ дар ин кишвар то ба 455 нафар кам карда шуд. Москва истифодаи бӯстонсарои сафорати Амрикоро дар "Серебряний Бор" ва анбори иншоотро барои дипломатҳои амрикоӣ низ манъ кард.

Кремл гуфт, ин посух ба қонуни Конгресс дар бораи афзоиши таҳримҳои зидди Русия аст, ки 27 июл ба тасвиб расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG