Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кисляк гуфт, маҷбур нест, ки дар назди Конгресс посух гӯяд


Сергей Кисляк, сафири собиқи Русия дар Амрико
Сергей Кисляк, сафири собиқи Русия дар Амрико

Сергей Кисляк, сафири пешини Русия дар Вашингтон гуфт, ки сӯҳбати ӯ бо Майкл Флинн, мушовири собиқи амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико, “комилан дуруст, ором ва қатъан шаффоф” буд. Ӯ рӯзи 5-уми август, дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии "Россия-24" гуфт, маҷбур нест, ки дар мавриди равобиташ бо Флинн дар назди Конгресси Амрико шаҳодат бидиҳад.

"Ман агар посух гӯям, танҳо дар назди порлумони Русия посух мегӯям", - гуфт ӯ ва афзуд, "мо дар бораи чанд масъалае сӯҳбат кардем, ки ҳам барои Русия ва ҳам Амрико муҳиманд ва ин пеш аз ҳама мубориза бо терроризм аст."

Майкл Флинн рӯзи 13-уми феврали имсол маҷбур шуд, ки аз мақомаш истеъфо диҳад. Ӯ мулоқоташ ва баррасии таҳримҳои зидди Маскавро бо сафири, инак, собиқи Русия, то оғози фаъолияти расмии Трамп, пинҳон кард ва ҳамчунин ноиби президент Майк Пенсро дар ин масъала ба иштибоҳ андохт.

Сергей Кисляк моҳи июли имсол ба кораш ҳамчун сафири Русия дар Вашингтон хотима дод ва ба Русия баргашт.

XS
SM
MD
LG