Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: ДИИШ ба наслкушии язидҳои Ироқ идома додааст


Узви гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ дар Сурия
Узви гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ дар Сурия

Комиссиюни Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чоршанбе гуфт, ки гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" наслкушии язидиҳоро, ки аз ақалиятҳои Ироқу Сурия ҳастанд, идома додааст, аммо ҷаҳон дар муқобили ин фоҷеа камтарин корро анҷом медиҳад.

Дар ҳоле, ки маъракаи бозпасгирии шаҳри Раққа аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" суръати бештар касб мекунад, ҷангиёни ин гурӯҳ, қабл аз фирор занҳо ва духтарони язидиро ба ғуломӣ мефурӯшанд- мегӯяд Комиссиюни бозҷӯии СММ дар Сурия.

"Сарфи назар аз масъулияти давлатҳо дар баробари пешгирӣ аз ин вазъият ва муҷозоти ҷиноят, наслкушӣ идома дорад ва ба ин наслкушӣ ҳоло ҳам расидагӣ нашудааст"- мегӯяд СММ.

Моҳи августи соли 2014, вақте ДИИШ шаҳри шимолу ғарбии Синҷарро таҳти назорат гирифт, ҳазорҳо язидиро боздошт кард, ки бахши умдаи онҳо нопадид шудаанд.

Охири соли 2015 ин шаҳр аз ДИИШ бозпас гирифта шуд ва он замон 30 гӯри дастаҷамъии язидиҳо ошкор шуд. Теъдоди номуайяни ин ақалиятҳои қавмӣ, ки аз мазҳбаи нодир пайгирӣ мекунанд ва ДИИШ онҳоро "муртад" мехонад, ба манотиқи ҳамсояи Раққа интиқол ёфтанд.

"Ҳазорҳо мард ва бачаҳои язидӣ гумном шудаанд ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ба озору азияти ҳудуди 3 ҳазор занону духтарони язидӣ, бо шумули таҷовузу латукуби онҳо идома медиҳад"- мегӯяд ин Комиссиюн.

XS
SM
MD
LG