Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Нагузорем хоинон ба номи Ватан иснод оваранд"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки "ҳар яки мо бояд Ватанамон ва нуфузу обрӯи онро азиз шуморем ва ҳаргиз нагузорем, ки хоинони Ватан ба номи он иснод оваранд."

Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми август зимни мулоқот бо сокинони ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус баён кардааст. Оқои Раҳмон дар ин мулоқот бо ишора низоъҳо дар кишварҳои Ховари Миёна гуфтааст, ки даҳҳо тан аз сокинони ин ду ноҳия дар сафҳои гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба пояи иттилооти мақомот, дар 5 соли гузашта аз ноҳияи Қубодиён 80 нафар, аз ҷумла 54 нафар ҷавонон, 9 оила иборат аз 30 кӯдак ва ҳатто кӯдакони ноболиғ ва аз ноҳияи Шаҳритус 79 нафар дар қаламравҳои таҳти тасарруфи гурӯҳҳои ҷангӣ қарор доранд ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз "доираҳои манфиатҷӯй" интиқод кард, ки "ҷавонони ноогоҳ"-ро аз кишварҳои зиёд ба сафи гурӯҳои террористӣ ҷалб ва ба набард сафарбар мекунанд. Ӯ изҳори таассуф кардааст, ки ҷавонони ноҳияи Шаҳритус ва Қубодиён низ дар низоъҳои дохиливу мазҳабӣ дар кишварҳои мухталиф ширкат карданд ва даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд.

Оқои Раҳмон ба падару модар ва мақомот муроҷиат кардааст, ки садди роҳи ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ шаванд.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гаравиданд. Ҳалокати даҳҳо тани онҳо дар низоъҳои Ховари Миёна таъйид шудааст.

XS
SM
MD
LG