Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари духтараки роботсози афғон дар Ҳирот кушта шуд


Фортима Қодириён бо падараш дар фурӯдгоҳи Ҳирот. 13 июли соли 2017
Фортима Қодириён бо падараш дар фурӯдгоҳи Ҳирот. 13 июли соли 2017

Падари Фотима Қодириён, як духтари наврас, ки дар заминаи талошҳояш барои рафтан ба сабқати ҷавонони роботсози Амрико дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор гирифт, дар пайи як ҳамлаи маргталабона дар Ҳирот кушта шуд. Дар ин бора бародари Фотима Қодириён хабар дод.

Фотима Қодириён ва тими духтарҳои роботсоз моҳи гузашта дар ҷамъомаде таҳти унвони "Аввалин чолиши байналмилаии ҷавонон" дар Вашингтон иштирок карданд. Қодириён раҳбари тими наврасони афғон аст.

Ин духтарҳо дар ҳоле таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба худ кашиданд, ки Амрико дархости раводиди сафари онҳоро ду дафъа рад кард. Духтарҳо дар фосилаи як ҳафта аз шурӯи сабқат виза гирифтанд.

Бародари бузурги Фотима Қодириён рӯзи 3 август ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки падари онҳо ду рӯз пеш дар пайи ҳамлаи маргталабе ба масҷиди Ҳирот ҳалок шуд.

Ҳамлаи як худкуш ва як марди мусаллаҳ ба масҷиди шиаҳои Ҳирот дастикам 31 нафарро кушта ба ҷой гузошт ва 60 нафари дигарро захмӣ кард.

XS
SM
MD
LG