Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Новая газета" Алӣ Фирӯз даст ба худкушӣ зад


Алӣ Фирӯз
Алӣ Фирӯз

Хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз, ки додгоҳи Русия қарори хуруҷи ӯ аз қаламрави Русияро содир кард, мехост худкушӣ кунад. Дар ин бора "Новая газета" рӯзи 2 август бо такя ба вакили хабарнигор Даниила Хаймович гузориш дод.

Ба гуфтаи вакил, Фирӯз дар ҳоле мехост ба сари худ даст бардорад, ки нусхаи қарорро дар долони додгоҳ интизор буд.

Кормандони додгоҳ аз талоши худкушӣ пешгирӣ карданд ва Алӣ Фирӯзро ба боздоштгоҳи Сахарово интиқол доданд. Хабарнигор гуфтааст, ки "аз бозгашт ба Узбакистон мурданро авлотар медонад".

Рӯзи сешанбе додгоҳи Басмании Маскав қарори депортатсияи Алӣ Фирӯзро содир кард ва ӯро дар заминаи нақзи муқаррароти будубош ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима намуд.

Алӣ Фирӯз, ки номи аслиаш Худойбердӣ Норматов аст, соли 2012 шиносномаашро гум кард ва наметавонад барои санади нав ба ватанаш баргардад. Фирӯз мегӯяд, дар сурати бозгашт ба Узбакистон ӯ ба терроризм муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG