Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед: Трамп дар таҳияи изҳороти писарашро ба NYT нақш дошт


Доналд Трамп бо писараш Доналд Трампи хурдӣ

Кохи сафед расман эътироф кард, ки раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар таҳияи матни изҳороти Доналд Трампи хурдӣ ба нашрияи The New York Times нақш дошт. Трампи хурдӣ баъди пахши хабари мулоқоти соли гузаштаи ӯ бо адвокати рус Наталя Веселнитская, ба нашрия посух дод.

Ба гуфтаи сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс, ин тасаввур, ки президент тамоми матни изҳоротро ба писараша дикта карда бошад, тавре нашрияи The Washington Post менависад, дуруст нест. "Албатта Трамп мисли ҳар як падар ба писараш машварату чанд пешниҳод дод, изҳорот ягон иштибоҳ надошт"- гуфт Сара Сандерс.

Ёварони раиси ҷуҳмур ба хонаводаи Трамп машварат доданд, ки тамоми ҷузъиёти мулоқот бо вакили русро ошкор кунад. Аммо писари Трамп дар номаи аввалаш ба нашрия танҳо гуфт, ки дар мулоқот бо Веселнитская масъалаи манъи фарзандхонии бачаҳои рус аз тарафи оилаҳои амрикоӣ матраҳ буд. Трампи хурдӣ танҳо дар номаи дуюмаш эътироф кард, ки ба ин дар ҳоле розӣ шуд, ки Веселнитская гуфт дар бораи Ҳиллари Клинтон маводи бадномкунанда дорад. Мулоқоти писари Трамп бо вакили рус Наталя Веселнитская дар ҷараёни сабқати президентии Клинтон бо Трамп дар соли 2016 сурат гирифтааст.

Гузоришҳои видеоӣ

"Ботлоқ". Шароити паноҳҷӯёни эронӣ дар Юнон. Филми мустанад. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:55 0:00
XS
SM
MD
LG