Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафари наздик ба Навоз Шариф нахуствазири Покистон шуд


Шаҳид Ҳақон Аббосӣ - нахуствазири ҷадиди Покистон

Қонунгузорони Покистон ба ҷойи Навоз Шариф, ки ҳафтаи гузашта аз мақом барканор шуд, нафари наздик ба ӯ – Шоҳид Ҳақон Аббосиро нахуствазир интихоб карданд.

Ҳизби Лигаи Мусалмонҳои Шариф рӯзи 1-уми август бо истифода аз бартарии худ дар Маҷлиси Миллӣ, палатаи поёнии порлумони Покистон, Аббосиро бо 221 раъй ба курсии нахуствазирӣ нишонд. Палатаи поёнии порлумони Покистон 342 намоянда дорад.

Рақибони Аббосӣ дар ин сабқат – Саид Навид Қамар аз Ҳизби Мардумии Покистон 44 раъй ва Шайх Рашид Аҳмад аз Ҳизби Тариқи Инсоф 33 раъй ба даст оварданд.

Вазири пешини нафт Шоҳид Ҳақон Аббосӣ то замоне нахуствазир хоҳад буд, ки Шаҳбоз Шариф, бародари хурдии Навоз Шариф ба ишғоли ин маснад омода шавад.

Шарифи хурдӣ, ки феълан вазири аршади Вилояти Панҷоб аст, барои нишастан ба курсии раёсат бояд дар интихоботи миёндаврии порлумон пирӯз шавад. Ин раванд ҳудудан 2 моҳро дар бар мегирад.

Навоз Шариф рӯзи 28-уми июл бо қарори Додгоҳи олии Покистон, дар заминаи ошкор шудани дороиҳои хонаводаи ӯ дар минтақаҳои оффшор, аз мақом барканор шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG