Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба ҷони хабарнигори Озодӣ дар Туркманистон


Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Султон Очилова
Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Султон Очилова

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Султон Очилова мавриди ҳамла қарор гирифт. Аз охири моҳи июн ин севумин ҳамлаест, ки алайҳи хабарнигори 67-сола пиёда шудааст.

Ба гуфтаи Очилова, ӯ соати нӯҳи рӯзи 29-уми июн аз манзилаш берун шуд, то аз дучархасавории оммавӣ акс бардорад. Очилова мегӯяд, баробари берун шудан аз хона чаҳор нафарро мушоҳида кард, ки ҳар қадами ӯро таҳти назорат доштанд.

Яке аз онҳо бо ӯ ба автобус нишаст ва ҳангоми аксбардории хабарнигор аз тирезаи автобус ба ӯ дарафтод, вале духтари Очилова ба ин монеъ шуд.

Ин ҷавон модару духтарро ба марг таҳдид карда ва гуфтааст, ки онҳо мехоҳанд кишварро "шарманда" кунанд. Ин бори аввал нест, ки ба Султон Очилова ҳамла сурат мегирад.

Туркманистон аз кишварҳои пӯшидаи Осиёи Марказӣ аст, ки дар он хабаргузориҳо намояндагӣ надоранд ва ҳама гуна ҳамкории рӯзноманигорон бо нашриҳояи берун аз кишвар ба баҳои озодии онҳо тамом мешавад.

XS
SM
MD
LG