Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадуро аз пирӯзӣ, мухолифин аз эътирозҳои бештар хабар доданд


Нооромиҳо дар Венесуэла. Рӯзи 30-юми июли соли 2017
Нооромиҳо дар Венесуэла. Рӯзи 30-юми июли соли 2017

Мақомоти Венесуэла аз пирӯзӣ дар интихоботи "ассамблеяи конститутсионӣ" ё маҷлиси Қонуни асосӣ хабар доданд. Ба маълумоти Шӯрои миллии интихоботӣ ҳузури раъйдиҳандагон беш аз 40 дарсад буд.

Аммо ба гуфтаи мухолифин, 90 дар сади овоздиҳандаҳо дар интихобот иштирок накарданд. Шабакаи телевизионии Би-би-сӣ рӯзи 30-юми июл гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи интихобот дастикам 10 нафар кушта шуд.

Ассамблея аз салоҳияте бархӯрдор мешавад, ки Қонуни асосиро дигар ва Конгрессро, ки таҳти назорати рақибони президенти Венесуэла Николас Мадуро қарор дорад, пароканда кунад. Мадуро мегӯяд, ки ассамблея ягона роҳи барқарор кардани тартибу низом дар кишвар аст.

Қаблан Иёлоти Муттаҳида хабар дод, ки дар сурати даъвати ассамблеяи конститутсионӣ эҳтимоли таҳрим ба соҳаи нафтии Венесуэларо баррасӣ мекунад. Мухолифин ба идомаи эътирозҳои саросарӣ дар Каракас, рӯзи 2-юми июл, замони нахустин ҷаласаи ассамблея даъват карданд.

XS
SM
MD
LG