Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснанишинии ҷонибдорони Текебоев дар Қирғизистон


Нишасти матбуотии ҳизби "Ота-Макон" дар Бишкек
Нишасти матбуотии ҳизби "Ота-Макон" дар Бишкек

Фаъолони ҳизби сиёсии мухолифи Қирғизистон -- "Ота Макон" ва наздикони раҳбари ин ҳизб Омурбек Текебоев гуфтанд, ба ҷонибдорӣ аз ин сиёсатмадори қирғиз, ки бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст, гуруснанишинӣ эълом кунанд.

Ташаббускорони иқдом талаб доранд, ки Текебоев ба имтиҳони забони давлатӣ, ки барои номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Қирғизистон ҳатмӣ аст, роҳ дода шавад. Отамакониҳо 27 июл дар як нишасти хабарӣ эълом карданд, ки даст ба гуруснанишинӣ мезананд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 25 июл дархости вакилони Текебоевро барои ширкати ӯ дар имтиҳони давлатӣ рад кард. КМИР низ гуфт, танҳо додгоҳ метавонад масъалаи иштироки сиёсатмадорро дар имтиҳон ҳал кунад.

Бар пояи қонугузории Қирғизистон, номзадҳо ба мақоми президентӣ бояд аз забони давлатӣ имтиҳон супоранд. Текебоевро, ки номзадии ӯ ба мақоми президентӣ пешниҳод шудааст, моҳи феврали соли равон бо гумони гирифтани ришва ҳабс карданд. Вале худи ӯ ин айбро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG