Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис ба истирдоди Саакашвили аз Украина умедвор аст


Михаил Саакашвили

Вазири адлияи Гурҷистон Тея Тсулукиани мегӯяд, президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари собиқи вилояти Одесса Михаил Саакашвили баробари бозгашташ ба Украина бояд ба Гурҷистон истирдод шавад.

Дар суҳбат бо телевизиони "Имедӣ" вазир Тсулукиани гуфт, "ин дархост аҷмбаи сиёсӣ надорад, балки як раванди ҳуқуқӣ ва тафтишотӣ аст". Ӯ афзуд, ки Гурҷистон ҳанӯз солҳои 2014 - 2015 истирдоди Саакашвилиро дархост карда буд.

Ба гуфтаи Тсулукиани, Саакашвили дар ватан ба латукӯби вакили порлумон, дуздии ҳудуди чаҳор миллион доллар, пароканда кардани тазоҳуроти осоишта дар моҳи ноябри соли 2007 ва саркӯби телевизиони "Имедӣ" айбдор мешавад.

Украина соли 2015 дархости истирдоди Саакашвилиро рад карда, гуфта буд, ки таъқиби ӯ дар Гурҷистон танҳо ҳуқуқӣ нест.

Рӯзи якшанбе Саакашвили бори дигар мақомоти Украинаро, ки шаҳрвандии ӯро бекор карданд, ба ҷинояткорӣ айбдор намуд. Ӯ санадеро "сохта" номид, ки гӯё дар он таҳти пайгард буданашро зикр накардааст ва ба ин сабаб мақомоти Киев шаҳрвандияшро аз байн бурдаанд.

Саакашвили то соли 2013 президенти Гурҷистон буд ва моҳи майи соли 2015 раҳбари вилояти Одесса таъйин шуда, соҳиби шиносномаи украинӣ гашт. Ӯ моҳи ноябри соли 2016 аз мақоми худ истеъфо дода, дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, мубориза бо коррупсия дар минтақае, ки онро президенти Украина "шахсан" дастгирӣ мекунад, имкон надорад.

Гузоришҳои видеоӣ

"Ботлоқ". Шароити паноҳҷӯёни эронӣ дар Юнон. Филми мустанад. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:55 0:00
XS
SM
MD
LG