Мақомоти амниятии дар Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи 31-уми июл дар наздикии сафорати Ироқ дар Кобул, таркиш сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти афғон, ин ҳамла интиҳорӣ будааст. То ба ҳол дар мавриди талафоти ин ҳамла, ҷузъиёте дастрас нест ва ҳеҷ гурӯҳе низ масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки садои тирандозиҳои пароканда аз маҳали ҳодиса шунида мешавад.