Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров: "Фармони шайтонро иҷро накунед"


Рамазон Қодиров, раҳбари тундлаҳни Чеченистон аз ҷуфтҳои ҷавон дар ин ҷумҳурии Русия хостааст, ки аз ҳам ҷудо нашаванд ва барои нигаҳ доштани оила ҳама кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом бидиҳанд.

“Ман бори дигар аз ҷавонон мехоҳам, ки оилаашонро вайрон накунанд, риштаҳои хонаводагиро накананд. Ин кор осон аст, вале барқарор кардани оила бисёр кори сахт аст” - омадааст, дар паёми тӯлоние, ки Рамазон Қодиров рӯзи 25-уми июл дар саҳифааш дар Инстаграмм нашр кард.

Муроҷиати Рамазон Қодиров ба оилаҳои ҷавон дар Чеченистон бахше аз талошҳои мақомот ва рӯҳониён аст, ки қасд доранд, оилаҳои аз ҳам пошидаро дигарбора барқарор кунанд ва ҷуфтҳои қаҳриро “оштӣ бидиҳанд.”

Онҳое, ки ба сабабҳои ночиз, ё бесабаб ҷудо шудаанд ва ашки кӯдаконашонро рехтаанд, ба фармони шайтон тан додаанд.

Рамазон Қодиров дар паёмаш дар Инстаграмм гуфтааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон барои муҳофизати оилаҳо аҳамияти хос медиҳад ва барои ин бо оилаҳои ҷудошуда кор мебаранд, то ба назди ҳам баргарданд. Ба навиштаи Рамазон Қодиров, мақомоти расмӣ ва муллоҳои Чеченистон тақрибан бо 2000 хонаводаи аз ҳам пошида сӯҳбат кардаанд ва ба онҳо арзиши оила, тарбияи фарзандон ва нигоҳи дини ислом ба талоқро шарҳ додаанд.

https://www.instagram.com/p/BW8OVl6nzI5/

Дар видеое, ки дар саҳифаи Рамазон Қодиров гузошта шудааст, сӯҳбати ӯ бо мушовираш Одам Шаҳидов ва Салоҳ Межиев, муфтии Чеченистон дида мешавад, ки дар бораи барқарор кардани оилаҳо сӯҳбат мекунанд.

Муфтии Чеченистон мегӯяд, “Тамоми рӯҳониёни мо кӯшиш мекунанд, ки оилаҳои ҷудошударо ба ҳам биёранд, пайванди хонаводаҳоро мустаҳкам кунанд ва аз ихтилоф дар байни оилаҳо пешгирӣ намоянд. Ба мо муяссар шуд, оилаҳои зиёдеро барқарор кунем.”

Қодиров дар посух ба ҳамсӯҳбатонаш мегӯяд, ки “Онҳое, ки ба сабабҳои ночиз, ё бесабаб ҷудо шудаанд ва ашки кӯдаконашонро рехтаанд, ба фармони шайтон тан додаанд. “

Раҳбари Чеченистон мегӯяд, талошҳои ҳукумат барои барқарории оилаҳо нав сар шудааст ва ба зудӣ дар телевизионҳои маҳаллӣ барномаҳо дар бораи аҳамияти ҳифзи оила шурӯъ мешаванд.

Рамазон Қодиров бо ҳамсараш
Рамазон Қодиров бо ҳамсараш

Ба гуфтаи ӯ, аз миёни ҷуфтҳои ҷудошуда, ки бо онҳо сӯҳбат кардаанд, танҳо 59 оила гуфтаанд, ки имкони оштиро надоранд, чун ба гуфтаи Рамазон Қодиров, “ҳамсаронашон аз ҳадде гузаштаанд, ки бо назардошти ахлоқӣ, фарҳангӣ ва шаръӣ барқарор кардани оила бо онҳо имконнопазир аст.” Ва онҳо худашон ҳам афсӯс мехӯранд гуфтааст, Рамазон Қодиров.

Аз ин рӯ муҳим аст, ки “барои ҳифзои оила, ки аз падар модар ва фарзанд иборат аст, ҳар кори мумкин анҷом дода шавад,” -хулоса кардааст, Рамазон Қодиров.

Ҷумҳурии Чеченистон ва бахусус раҳбари он Рамазон Қодиров аз чанд моҳи пеш бинобар мухолифат ба шеваи дигари зиндагӣ аз ҷумла рафтор бо ҳамҷинсгароён зери танқиди сахт қарор гирифтааст. Аз ҷумла гузоришҳое ҳастанд, ки мақомоти Чеченистон ҳамҷинсгароёнро таъқиб мекунанд ва ё ҳатто мекушанд.

Рамазон Қодиров, ки бештар аз як даҳсола аст, дар Чеченистон ҳукумат мекунад, иддао дорад, ки дар ин ҷумҳурӣ ҳамҷинсгароён вуҷуд надоранд ва агар ҳам бошанд, бояд “ҳамаашонро ба Канада” бифристанд.

Возеҳ нест, ки чаро Рамазон Қодиров ин дафъа масъалаи талоқу оилаҳоро ба Инстаграмм кашидааст, чун дар гузашта фақат дар бораи зиндагиву ҳавасҳояш ва ё ҷонварони хонагиаш менавишт.

Аммо Ирина Костерина, ҳамоҳангсози гендерии Бунёди Ҳейнрих Болл ба Радиои Озодӣ гуфт, талоқ дар Чеченистон солҳои ахир зиёдтар шудааст. “Бо вуҷуди онки Чеченистон як минтақаи бисёр муҳофизакор аст, ҷангҳои аввал ва дуввум ба сохтори иҷтимоии он таъсири зиёд гузоштааст ва теъдоди талоқҳо меафзояд.”

Ба гуфтаи вай, хушунати хонаводагӣ дар Чеченистон як сабаби талоқ хостани занҳо ба ҳисоб меравад ва талоши мақомот барои ба ҳам овардани хонавода бо назардошти “арзишҳои динӣ ва анъана” самар намедиҳад.

Олга Гнездилова, як ҳуқуқдони созмони ғайриҳукуматии “Ташаббуси қонун” дар Русия мегӯяд, ки зӯроварӣ ба зан дар Қафқоз ва дар саросари Русия “мушкилӣ ҳисоб намешавад”. Ба қавли ӯ, бо назардошти арзишҳои динӣ зери фишор мондани як зани чечен метавонад, сабаби таҳаммули ҳамагуна рафтор шавад ва “ҷони ӯро дар хатар бигузорад.”

XS
SM
MD
LG