Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Қодиров: "Бо гуштигирони амрикоӣ то нафаси охир биҷангед"


Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон
Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори амрикоӣ пешниҳод кард, ки дар миёни беҳтарин варзишгарони Амрико ва ташкилоти муҳорибавии “Аҳмад” ҷанги тан ба тан ё сабқати якҳарбаи омехта баргузор шавад. Сӯҳбати раҳбари Чеченистон бо хабарнигор Дэвид Скотт шоми 18-уми июл аз тариқи шабакаи кабелии НBO пахш шуд.

Қодиров гуфт, “мо то нафаси охир, то дами марг мубориза мебарем ва бовар дорам, ки дер ё зуд бартарии худро собит мекунем.” Раҳбари Чеченистон афзуд, “ин муҳорибаи бузурге мешавад, ки ба довар ниёз нахоҳад дошт.”

Раҳбари Чеченистон мегӯяд, ки чеченҳо дар муқоиса бо гуштигирони хориҷӣ ҷасуранд ва рӯҳияи қавӣ доранд, зеро бо ҷанг аз даврони кӯдакӣ ошно ҳастанд.

“Ман аз 15 солагӣ ҷанг мекунам ва медонам, ки ҷанг чист”, - гуфт Рамазон Қодиров ва афзуд, “ман сарбози беҳтарин ва фармондеҳи беҳтаринам. Ман муборизаро дӯст медорам. Кушта шудан дар ҷанг барои ман болотарин хушбахтист.”

Созмони амрикоии якҳарбаи омехта ё UFС даъвати Рамазон Қодировро барои як рӯёрӯии марговар пазируфтанӣ нест.

XS
SM
MD
LG