Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон Қодиров: “Дар Чеченистон ягон ҳамҷинсгаро нест"


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, гуфт, ки дар ҳудуди кишвараш ягон нафари ҳамҷинсгаро нест. Ӯ ҳангоми сӯҳбат бо телевизиони амрикоии HBO дар бораи таъқиби ҳамҷинсагроён дар Чеченистон гуфт, агар дар кишвари ӯ афроди ҳамҷинсгаро ёбанд, онҳоро ба дуртар, барои мисол, ба Канада баранд.

“Дар мо чунин одамон нестанд. Ҳамҷинсгароҳо нестанд. Агар ҳаст, онҳоро ба Канада баред”, - гуфт ӯ.

Дар оғози моҳи апрели имсол нашрияи "Новая газета" таҳқиқотеро чоп кард, ки дар он гуфта мешавад, дар Чеченистон чанд моҳ боз шикори ҳамҷинсгароҳо шуруъ шудааст. Маноеби ниҳодҳои қудратии ин кишвар бидуни ифшои ном гуфтаанд, ки гап дар бораи беш аз сад мард меравад.

Онҳо гуфтаанд, ба камияш се нафар кушта шудаанд. Нашрияи “Новая газета” дар навбати худ тахмин зад, ки эҳтимол қурбониён аз ин ҳам бештар бошад.

XS
SM
MD
LG