Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Новая Газета": "Ҳамҷинсгароёнро дар Чеченистон мекушанд"


"Новая Газета" яке аз рӯзномаҳои серхонандаи Русия аст.
"Новая Газета" яке аз рӯзномаҳои серхонандаи Русия аст.

Рӯзномаи “Новая Газета” мегӯяд, мақомот дар Ҷумҳурии Чеченистони Русия ҳамҷинсгароёнро боздошт мекунанд ва мекушанд. Ин рӯзнома рӯзи 1-уми апрел бо такя ба як идда манобеи худ гузориш дод, ки дар чанд рӯзи гузашта мақомоти интизомии Чеченистон “бештар аз 100” ҳамҷинсгароро дастгир кардаанд ва се нафарашонро куштаанд.

Рӯзнома бе зикри номи ҳеҷ яке аз мусоҳибонаш навиштааст, ки иттило дар ин бораи боздошти мардони ҳамҷинсгароро вазорати умури дохилӣ, Хадамоти таҳқиқоти федералии Русия, додситонӣ ва фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён таъйид кардаанд. Гузориши мазкурро сухангӯи Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон “дурӯғи маҳз ва дурӯғпароканӣ” номида ва рад кардааст.

Ӯ гуфтааст, “дар ҷумҳурие, ки ингуна одамон вуҷуд надоранд, шумо онҳоро боздошт карда наметавонед.” Ба гуфтаи ӯ, “Агар дар Чеченистон ингуна одамон мебуданд, мақомоти интизомӣ ҳеҷ коре ҳам намекарданд, зеро худи хешовандонашон онҳоро ба ҷое мефиристоданд, имкони бозгашт аз онҷо вуҷуд надорад”.

Хеда Саратова, як фаъоли ҳуқуқи башари Чеченистон ва узви Шӯрои ҳуқуқи башари Русия ба радиои давлатии Русия гуфтааст, ки маъмурони пулис ва тамоми низоми додгоҳии Чеченистон қатли ҳамҷинсгароён аз дасти хешовандонашонро “дарк мекунанд”.

XS
SM
MD
LG