Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои нави киштиҳои Амрикову Эрон дар Халиҷи Форс


Қаиқҳои ҳамлавари Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар Халиҷи Форс
Қаиқҳои ҳамлавари Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар Халиҷи Форс

Сипоҳи баҳрии Амрико мегӯяд, амалкарди низомиёнаш нисбат ба рафтори киштии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон дар Халиҷи Форс “бехатар ва касбӣ” буд.

Низомиёни Амрико рӯзи 29-уми июл гуфтанд, як чархболашон ҳангоми гаштзанӣ дар қаламравҳои байналмилалии обӣ як киштии эронии муҷаҳҳаз бо мушакро мушоҳида кард, ки бо “суръати баланде” ба самти киштиҳои Амрико наздик мешуд. Мақомоти Сипоҳи 5-уми баҳрии Амрико дар Баҳрайн гуфтанд, халабонҳои чархбол талош кардаанд, ки бо киштии эронӣ тамос бигиранд, аммо посухе ба даст наёвардаанд ва маҷбур шудаанд, ба самти онҳо тирҳои огаҳӣ биандозанд.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, баъди ин ҳаракати киштии Эрон ба самти киштиҳои Амрико қатъ шудааст. Чархболи гаштзанӣ ба сафинаи азими ҳавопаймобари Нимитзи Амрико ва як киштии ҳамроҳи он тааллуқ доштааст. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, ки киштиҳои Амрико дар наздикии манораи истихроҷи газу нафти Рисолат буданд ва ҳодиса ҳамин ҷо рух додааст.

“Амалкарди амрикоиҳо, ки тирҳои огаҳӣ андохтанд, иғвоҷӯёна ва ғайрикасбӣ будааст” – омадааст, дар баёнияи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ.

Киштии Нимитз
Киштии Нимитз

Пештар аз ин ҳодиса дар рӯзи 25-уми июл як киштии гаштзании Амрико дар Халиҷи Форс ба самти як киштии эронӣ тирҳои огаҳкунанда андохт, зеро ба гуфтаи низомиёни амрикоӣ, маллоҳони эронӣ ба киштии онҳо то 137 метр наздик омадаанд. Ба гуфтаи Сипоҳи Баҳрии Амрико, киштии эронӣ иртиботи радиоӣ, ҳушдори садоии киштӣ ва тирҳои огаҳкунандаро нодида гирифт.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми маъракаи интихоботиаш ваъда дод, ки ҳаргуна киштии Эронро, ки сафинаҳои Амрикоро “озор медиҳад” аз Халиҷи Форс “зада берун мекунад.”

Баъди расидан ба қудрат, ҳукумати Доналд Трамп нисбат ба Эрон сиёсати сахтгиронаеро пеш гирифт, зеро ба гуфтаи Кохи Сафед, Ҷумҳурии Исломӣ мутобиқ ба созиши атомӣ, ки бо Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ баст, рафтор намекунад.

Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва таҳримоти байналмилалӣ алайҳи онро сабуктар шуд. Рӯзи 28-уми июл вазорати молияи Амрико ба зидди 6 корхонаи тобеи як ширкати эронӣ таҳрим эъмол кард, зеро ба гуфтаи мақомоти Амрико ин корхонаҳо дар сохти мушакҳои баллистикӣ дар Эрон нақши “марказиро” иҷро мекунанд.

Вазорати молияи Амрико гуфт, таҳримот посухе ба “амалкардҳои иғвогаронаи Эрон” аст ва аз ҷумла посух ба партоби мушаки моҳворабаре, ки Эрон рӯзи 27-уми июл сар дод.

Мақомоти Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, технологияие, ки дар мушакҳои моҳвобарар истифода мешавад, мумкин аст, барои мушакҳои атомӣ ба кор равад. Эрон бар асоси созиши атомии соли 2015 ҳаққи сохтани ингуна мушакҳоро надорад.

XS
SM
MD
LG