Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс таҳримҳои нави зидди Русияро тасвиб кард


Конрессмен Стени Ҳойер
Конрессмен Стени Ҳойер

Аъзои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА рӯзи 24-уми июл лоиҳаи қонун дар бораи таҳримҳои зидди Русия, Эрон ва Куриёи Шимолиро тасвиб карданд. Лоиҳа бо 419 раъйи ҷонибдор ва 3 раъйи мухолиф қабул шуд.

Ин лоиҳа таҳримҳоеро қонунӣ мекунад, ки бо қарори президенти ИМА дар посух ба амалҳои Русия дар шарқи Украина, ишғоли Қрим ва дахолат дар маъракаи интихоботии ИМА эълом шудаанд.

Қонунгузорони Амрико бо ин қарор президентро вазифадор мекунанд, то алайҳи шаҳрвандони Русия, ки бо дастури Кремлин ҳамлаҳои ҳакерӣ анҷом доданд ва сохтори демократии ИМА-ро халалдор кардаанд, таҳрим эълон кунад.

Лоиҳаи қонун ҳамчунин ба Конгресс имкон медиҳад, ки аз талошҳои Кохи Сафед барои тағйир ё коҳиши таҳримҳо пешгирӣ кунад. Тамоми тасмимҳои маъмурияти ИМА, ки ба ояндаи таҳримҳо рабт дорад, дар Конгресс баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо аз ин қарори аъзои Палатаи намояндагон истиқбол карданд. Интизор меравад, шакли ниҳоии он нимаи дувуми моҳи август барои имзо ба президент Доналд Трамп пешниҳод шавад.

XS
SM
MD
LG