Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико силоҳи лазериро дар Халиҷи Форс озмоиш кард


Нерӯҳои дарёгарди ИМА силоҳи нави лазериро дар минтақаи Халиҷи Форс санҷиданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN, ки озмоишро аз наздик навор бардоштааст, рӯзи 18 июл гузориш дод. Ин нахустин истифодаи воқеии силоҳи лазерӣ дар ҷаҳон аст.

Маҷмаъи LaWS дар киштии низомӣ ҷойгир аст. Кристофер Уэллс, сарнишини ин киштӣ ба CNN гуфт, ки ин силоҳ дақиқтар аз як тир аст.

Шабакаи телевизионии CNN, ки ҳақи вежаи пӯшиши ин таҳаввулотро пайдо кард, аз қавли мақомоти низомӣ гуфт, ки силоҳи лазерӣ аз ҳама гуна силоҳе, ки то ҳол истеҳсол шудааст, бартарӣ дорад. Силоҳи лазерӣ бо суръати нур ҳаракат мекунад ва суръати он 50 000 бештар аз мушакҳои болдори байниқоравӣ аст. Ин силоҳ дар маҳви ҳадафҳои мухталиф истифода мешавад, гуфт Уэллс ба CNN.

Дар санҷиши силоҳ ҳавомаймоҳои бесарнишин, ки Эрон, Корея, Чин ва Русия аз онҳо бисёр ба кор мебаранд, ҳамчун ҳадафи эҳтимолӣ истифода шуданд. Гуфта мешавад, ин сохтор, ки 40 миллион доллар арзиш дорад, аз генератори худ нерӯи барқ мегирад ва онро се нафар идора мекунанд.

XS
SM
MD
LG