Пайвандҳои дастрасӣ

Путинро сарватмандтарин одами дунё номиданд


Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин

Раиси бунёди сармоягузории Hermitage Capital Уилям Браудер президенти Русия Владимир Путинро сарватмандтарин одами дунё номид. Браудер, ки дар Русия ба ҷиноятҳои молӣ айбдор мешавад, дороии Путинро 200 миллиард доллар арзёбӣ мекунад.

Рӯзи 27-уми июл Браудер дар кумитаи ҳуқуқи Сенати Амрико шоҳидӣ дод. Ин кумита дар якҷогӣ бо кумитаҳои дигари Конгресси ИМА дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентии соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад.

Браудер гуфт, “вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ”-и Путин бекор кардани “Эъломияи Магнитский” аст. Ин санади ИМА, ки соли 2012 қабул шуд, заминаро барои ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия муаҳйё мекунад, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон даст доранд.

Ба гуфтаи роҳбари Hermitage Capital, 10 ҳазор зердасти Владимир Путин ба ғасби моликият, ҳабс, одамрабоӣ, шиканҷа ва ҳатто куштор машғуланд ва ба ҳамаи онҳо президент кафолати беҷазоӣ додааст. “Эъломияи Магнитский” метавонад, ба ин монеъ шавад. Дар асоси ин эъломия то ҳол суратҳисобҳои бонкии чандин фарди наздик ба Владимир Путин ҳабс шудааст.

Рӯзи 19-уми июл дар мусоҳиба бо телевизиони "Настоящее время" Браудер гуфт, Путин мехост, тавассути ширкати офшории дӯсташ Сергей Ролдунг 230 миллион доллар ба даст орад. Дар гузашта Сергей Магнитский гуфта буд, ки ин маблағҳо аз буҷет дуздида шудаанд. Барои хабар додан дар ин бора, Магнитский нахуст ба ҳабс гирифта шуд ва баъдтар, дар моҳи ноябри соли 2009 дар боздоштгоҳи Москва ба қатл расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG