Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш донишҷӯи қазоқро пулиси Миср боздошт кардааст


Қанот Берик ва Йеламан Жазикхан

Вазорати умурии хориҷии Қазоқистон мегӯяд, шаш донишомӯзи қазоқро, ки аз 20 июл то ҳол нопадид буданд, пулиси Миср боздошт кардааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Анвар Жайнақов рӯзи 25 июл гуфт, ки музокироти мушаххас кардани сабаби боздошти шаҳрвандони Қазоқистон бо мақомоти Миср ҷараён дорад.

Жайнақов субҳи имрӯз хабар дода буд, ки Вазорати умури хориҷии Қазоқистон барои пайдо кардани донишҷӯёни нопадидшуда аз мақомоти Мисро кӯмак хост. Шаш дониҷӯи Қазоқистон барои омӯзиши забони арабӣ ба ин кишвар омаданд ва дар хонае воқеъ дар Қоҳира зиндагӣ мекарданд.

Ӯ гуфт, ки тамоси ин шаш нафар бо хонаводаҳояшон 20 июл қатъ шуд.

Жайнақов гуфт, ки ин нафарон пайрави ягон идеоложии тундгароёна набуданд.

Қазоқистон мегӯяд, ки дар солҳои ахир садҳо шаҳрванди кишвар ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" пайвастаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG