Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Қирғизистон сабаби ранҷиши Туркияро шарҳ дод


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар як нишасти хабарӣ сабаби ранҷиши Туркияро бо он рабт дод, ки Қирғизистон нахост муассисаҳои таълимии "Сапат"-ро бандад. Отамбоев рӯзи 24-уми июл гуфт, дар ин муассисаҳо таҳсил хуб аст ва ба ин хотир онҳо баста нахоҳанд шуд.

Ӯ гуфт, Қирғизистон акнун 35 дарсади саҳмияи ин муассисаҳоро дар ихтиёр дорад. “Сафири Туркия дар Қирғизистон гуфт, дар Қирғизистон 3500 одамони Фатҳуллоҳ Гулен фаъолият дорад. Ба гумонам, вай омӯзгорони "Сепат"-ро дар назар дошт, аммо ин дақиқ нест", - афзуд президенти Қирғизистон.

Ба ҷуз ин, аз Отамбоев дар бораи мулоқоти муфтии пешини Қирғизистон бо рӯҳонии турк Фатҳуллоҳ Гулен суол шуд. Президент посух дод, ки муфтии пешин "ҳоло ҳеч мансаби расмие надорад ва аз ин рӯ бо ҳар касе, ки мехоҳад, мулоқот мекунад".

Ҷониби Туркия дар навбати худ аз мулоқоти муфтии пешини қирғиз изҳори нигаронӣ кард. Туркия дар табаддулоти нокоми шаби 15-уми июли соли 2016 Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрикоро айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG