Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Тоҷикистон ба 500 миллион доллар сармояи IMF. ВИДЕО


Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

Бонки миллии Тоҷикистон умед дорад, ки то охири имсол барномаи нави қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) барои Тоҷикистон дубора оғоз хоҳад шуд. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ, рӯзи 24-уми июл дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, музокироти Тоҷикистон бо Сандуқи Байналмилалии Пул ба хотири шурӯи барномаи нави қарзӣ ҳанӯз идома дорад.

Нуралиев гуфт, “СБП шартҳои ибтидоии худро барои оғоз кардани барномаи нави қарзӣ барои Тоҷикистон ба мо пешниҳод кард. Мо бо ин созмон ҳамкориҳои танготангеро ба роҳ мондаем ва ҳар ҳафта бо онҳо мулоқот дорем. Умедворам, то охири сол имконият пайдо мекунем, ки барномаи нави қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул барои Тоҷикистон дубора барқарор мешавад.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Умедвории Тоҷикистон ба 500 миллион доллар сармояи IMF
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Ҷамолиддин Нуралиев дар идома афзуд, яке аз шартҳои СБП, барои оғоз кардани барномаи нави қарзӣ ин ворид кардани тағйиру илова ба чаҳор қонуни марбут ба низоми бонкӣ дар Тоҷикистон будааст. Ба таъкиди ӯ, то кунун лоиҳаи тағйиру илова ба ду қонун омода шуда, дар баррасии ҳукумат қарор дорад. “Бо кумаки Сандуқи Байналмилалии Пул мо лоиҳаи қонун дар бораи солимгардонии низоми бонкиро таҳия кардем. Зимнан солимгардонии низоми бонкӣ аз тағйир ёфтани ин қонунҳо хеле вобаста аст”, - шарҳ дод ӯ.

Аммо ба гуфтаи масъулони Бонки миллӣ, дар сурати оғоз шудани барномаи нави қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул маблағҳои он барои сармоягузории бонкҳои Тоҷикистон сарф намешавад. Чунки, ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, ҳадафи барномаи қарзии Сандуқи Байналмилалии Пул, нигоҳ доштани суботи арзӣ ва гузаронидани ислоҳот дар умури иқтисодии кишвар аст, на сармоягузории бонкҳои алоҳида.

Тоҷикистон аз соли 2015, бо иваз шудани ҳайати роҳбарии Бонки миллӣ, бо Сандуқи Байналмилалии Пул ба хотири гирифтани қарзи имтиёздор аз ин созмон вориди гуфтугӯ аст. Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, аз ин созмон то 500 миллион доллар сармоя ба кишвар ҷалб кунад.

Сандуқи Байналмилалии Пул барномаи қарзиашро бо Тоҷикистон дар соли 2009, пас аз як моҷарои пурсарусадо қатъ карда буд. Он замон нозирони Сандуқи Байналмилалии Пул ошкор кардаанд, ки Тоҷикистон маблағҳои ироакарадаи ин созмонро ғайриҳадафмандона истифода кардааст. Кашфи чунин хилофкорӣ боис шуд, ки Сандуқ аз Тоҷикистон талаб кард, ин маблағҳоро билофосила ва қабл аз муҳлат ба ин созмон баргардонад.

Аз он замон то кунун Сандуқи Байналмилалии Пул барномаҳои қарзиашро бо Тоҷикистон қатъ карда, ба кишвар вомҳои боимтиёз намедиҳад.

XS
SM
MD
LG