Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гумонбари ҳамла ба клуби Reina-и Туркия дар Дания боздошт шуд


Додгоҳи шаҳри Вайлеи Дания pӯзи 20-уми июл қарори ҳабси то чаҳор ҳафтаи шаҳрванди 42-солаи Узбакистонро содир кард. Ин шаҳрванди Узбакистон дар ҳамдастӣ ба теракти клуби шабонаи Reina дар Истамбул гумонбар дониста мешавад. Додгоҳи Дания дар асоси далелҳои ҷониби Туркия чунин қарорро содир кардааст.

Ба гуфтаи вакили дифои шаҳрванди Узбакистон Эрлинг Кристенсен, мақомоти Дания ҳанӯз зидди ин шаҳрванд ҳеч айбе эълон накардаанд. Ба гуфтаи вай, қарор дар бораи истирдоди шаҳрванди Узбакистон ба Туркия аз сӯи додситони кулли Дания гирифта мешавад.

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба клуб шаби 1-уми январи соли 2017, ки аз сӯи шаҳрванди дигари Узбеакистон Абдулқодир Машарипов анҷом шуд, 39 одам кушта, даҳҳо тани дигар захм бардоштанд.

Дар дархости мақомоти Туркия омадааст, “шаҳрванди Узбакистон соли 2008 дар Дания мақоми паноҳандагӣ пайдо кардааст. Ин шаҳрванд ба Абдулқодир Машарипов силоҳ таъмин намудааст”.

Масъулияти ҳамлаи 1-уми январи имсолро гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ба зимма гирифт. Иҷрокунандаи ҳамла Машарипови 34-сола баъд аз 16 рӯзи ҳамла дар Истамбул боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG