Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон президенти Узбакистонро ба 60-солагиаш табрик кард


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон, сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, ӯро ба ҷашни 60-солагиаш табрик гуфтааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки ин сӯҳбат рӯзи 24-уми июл, дар рӯзи ҷашни таваллуди Мирзиёев, сурат гирифт.

Бино ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз кори, ба гуфтаи ӯ, самарбахши Шавкат Мирзиёев ба ҳайси раиси ҷумҳури Узбакистон тавсиф кардааст. Ӯ гуфтааст, фаъолияти Мирзиёев “барои таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Узбакистон ва таҳкими нуфузи он дар сатҳи байналмилалӣ” кумак мекунад.

“Ҳамзамон манфиатдорӣ ба рушду такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев талошҳои муштараки минбаъда “ба хотири густариши беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми бародар”-ро низ баррасӣ кардаанд.

Шавкат Мирзиёеви 60-сола охири соли гузашта, дар пайи даргузашти раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон Ислом Каримов дар ин кишвар ба қудрат расид.

Мирзиёев 24 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззахи Узбакистон дар хонаводаи табиб таваллуд шудааст. Миллаташ узбак, дорои маълумоти олӣ, номзади илмҳои техникӣ ва дотсент аст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 дар донишкадаи муҳандисии хоҷагии деҳот шуруъ кардааст. Соли 1990 вакили Шӯрои Олии Узбакистон интихоб шуд. Аз соли 2003 то замони иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон таъйин шуданаш дар мақоми сарвазирӣ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG