Писари Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, бо анҷоми як ҳамлаи интиҳорӣ рӯзи 20-уми июл дар вилояти Ҳилманд, ҷануби Афғонистон ҳалок шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон, муаррифӣ мекунад, рӯзи 22-юми июл дар сӯҳбат бо оҷонсии dpa-и Олмон ин хабарро тасдиқ кардааст.
Ӯ гуфтааст, Абдураҳмони 23-сола, ки бо номи Ҳофиз Холид низ машҳур буд, рӯзи панҷшанбеи гузашта мошини пур аз маводи таркандаро дар як пойгоҳи бузурги нирӯҳои амниятии афғон дар вулусволии Гаршак дохил карда, мунфаҷир намуд.
Ҷангҷӯёни Толибон дар ҳамон рӯз се мошинро дохили постгоҳҳои амниятӣ карда, ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом дода буданд.
Як мақоми расмии Афғонистон гуфт, ки далели сад дарсадии ҳалокати писари раҳбари Толибонро дар даст надоранд ва ҳоло саргарми таҳқиқи ин ҳодиса ҳастанд.
Мулло Ҳайбатулло баъд аз ҳалокати Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур раҳбарии гурӯҳи Толибонро бар дӯш гирифт. Мулло Ахтар моҳи майи соли гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар Покистон кушта шуд.
Толибон тақрибан 80 дар сади вилояти Ҳилмандро таҳти назорат дорад.