Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз президенти Эрон


11 гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи инсон ва озодии баён аз президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ тақозо карданд, ки вазири адлия Мустафо Пирмуҳаммадиро дигар дар ин мақом таъин накунад. Мудофеони ҳуқуқи инсон вазирро дар даст доштанаш дар қатли дигарандешон дар соли 1988 муттаҳам мекунанд.

Дар номае ба унвонии президент рӯзи 20 июл гуфта шудааст, ки дар сурати таъйини дубораи Пирмуҳаммадӣ ба ин мақом президент дар заминаи дигар кардани вазири адлия ваъдахилофӣ мекунад. Дар номае, ки зераш инчунин Ҳюман Райтс Вотч имзо кардааст, аз президент тақозо шудааст, ки як шахси вафодор ба арзишҳои ҳуқуқи башарро таъин кунад.

Қатли дигарандешон дар рӯзҳои охири ҷанги Эрону Ироқ сабт шудааст, ки солҳои 1980 то 1988-ро дар бар мегирад. Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки бо амри раҳбари олии вақт Оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ он замон 5000 узви созмони “Муҷоҳидони халқ”, чапгароҳо ва донишҷӯён эъдом шуданд. Пирмуҳаммадӣ он замон дар сохтори вазорати иттилоот кор мекард ва яке аз се узви кумитаи бозҷӯиҳои маҳбусони сиёсӣ буд. Онҳое, ки баъди ин боздоштҳо зинда монданд, мегуфтанд, ки дар пурсишҳои худ комиссиюн чунин саволҳо медод:

“Шумо намоз мехонед?”, “Шумо омодаед, ки зидди ироқиҳо биҷангед?” ваё “Шумо дини худро тағйир додаед?”. Дар сурати додани посухи ғайриқаноатбахш, шахс эъдом мешуд. Дар номаи фаъолони ҳуқуқи башар аз Рӯҳонӣ талаб шудааст, ки гузашта ва иттиҳомоти зидди Пирмуҳаммадиро мавриди таҳқиқ қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG