Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: гузаштан ба хатти лотинӣ мардуми туркро аз ҳам ҷудо мекунад


Алмосбек Отамбоев
Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон дар анҷумани байналмилалии "Маданияти Олтой ва халқҳои наздик ба оилаи забонҳои олтойӣ" дар шаҳри Бишкек гуфт, ҳамагуна пешниҳоди нави иваз кардани хат шарҳи наверо ба думбол дорад.

Отамбоев гуфт, ки лотинӣ хатти ҳамаи кишварҳои пешрафта аст ва гузаштан ба лотинӣ ба рушди иқтисод мусоидат мекунад. Аммо аз сӯи дигар гуфт президент, иероглиф ба рушди Ҷопону Куриё монеъ нашуд ва хатти лотинӣ ба бархе аз кишварҳои Африқо кӯмак накард, ки аз фақр раҳо шаванд.

Отамбоев бовар дорад, ки гузариши тадриҷӣ ба лотинӣ мардуми моро аз ҳам ҷудо мекунад. "Амалан гузаштан ба лотин зери таъсири идеяи пантуркизм шеваи "ҷудоӣ андоз ва роҳбарӣ намо"-ро идома медиҳад, ки дар даврони Имерияи Русия ва ҳам дар даврони СССР зидди мардуми мо истифода мешуд", - гуфт Отамбоев.

Баъди пошхӯрии шӯравӣ Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба хати лотин гузаштанд. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам дастур дод, ки шакли лотинии алифбои қазоқӣ то охири соли ҷорӣ омода шавад.

XS
SM
MD
LG