Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп: Хабари мулоқоти махфӣ бо Путин "фейк" аст


Владимир Путин ва Доналд Трамп дар мулоқоти Ҳамбург

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабари мулоқоти маҳрамонааш бо раҳбари Русия Владимир Путинро дар долонҳои нишасти “Бистгонаи бузург” дар Ҳамбург “фейк” ё тақаллубӣ унвон кард.

Трамп дар Твиттер навишт, матбуот аз хӯроки шом, ки садри аъзами Олмон Ангела Меркел барои раҳбарони "бистгона" ва ҳамсарони онҳо таҳия карда буд, хабар доштанд. Раиси ҷумҳури Амрико ба ин хабар рӯзи 18-уми июл вокуниш кард.

Дар бораи мулоқоти ғайрирасмии раиси ҷумҳури Амрико бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар рӯзи 7-уми июл дар хӯроки шом бори аввал сиёсатшиноси амрикоӣ Иан Бреммер хабар дод. Ба маълумоти ӯ, дар вақти гуфтугӯи ду раҳбар танҳо тарҷумони Путин ҳузур дошт ва намояндагони Кохи Сафед дар он ҷо набуданд. Сиёсатшинос ин мулоқотро нақзи протокол унвон кард.

Маълумот дар бораи мулоқоти ғайрирасмиро баъдан дар Шӯрои амнияти миллӣ тасдиқ карданд. Кохи Сафед ба хабаргузории Reuters тазаккур дод, ки “ҳеҷ гуна мулоқот набуд” ва ин танҳо “як сӯҳбати маъмулӣ ва кӯтоҳ буд”.

Музокироти расмии раҳбарони Амрико ва Русия рӯзи 7-уми июл дар шаҳри Ҳамбурги Олмон ҷараён гирифт ва беш аз ду соат идома кард. Ду раҳбар низои Украина, ҷанг дар Сурия ва, инчунин, мавзӯи терроризм ва киберҳамлаҳоро баррасӣ карданд.

Доналд Трамп мулоқот бо Путинро "муҳим" номид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG