Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: Русия ба озодии сухан дар Интернет ҳамла мекунад


Ҳюман Райтс Вотч, созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки дар ин авохир Русия озодии суханро дар интернет маҳдуд кардааст. Дар гузориши HRW, таҳти унвони "Ҳамла ба ҷаҳони маҷозӣ дар чанд ҷабҳа", ки рӯзи 18 июл пахш шуд, дар бораи таҳкими назорати Русия ба интернет гузориш шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки сар аз соли 2012 даҳҳо нафар дар саросари кишвар барои нашри матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

"Қонунҳои саркубгарона имкон медиҳанд, дастрасии шаҳрвандон ба хабарҳое маҳдуд шавад, ки мақомот оноҳоро дар радифи хабарҳои тундгароёна, ё хилофи арзишҳои суннатӣ медонанд"- гуфта мешавад дар гузориши HRW.

Ба маълумоти маркази иттилоотиву таҳлилии "Сова", 30 корбари шабакаи иҷтимоӣ дар соли 2010 бо иттиҳоми "мақолаҳои экстримистӣ" зиндонӣ шуданд. Соли 2015 ин рақам ба 216 нафар расид. 85 дар сади ҳукмҳои марбут ба "изҳороти ифротгароёна" ба фаъолиятҳои интернетии корбарон рабт доштааст. То соли 2017 теъдоди онҳое, ки бо иттиҳом зиндонӣ шудаанд ба 94 расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG