Пайвандҳои дастрасӣ

Домоди Аскар Оқоев 20 сол ҳукми зиндон гирифт


Одил Тойғунбоев -домоди раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Аскар Оқоев

Додгоҳе дар Қирғизистон Одил Тойғунбоев, домоди пешини президенти фирории Қирғизистон Аскар Оқоевро ба 20 соли зиндон, мусодираи амвол ва ҷарима дар ҳаҷми 20 ҳазор сом маҳкум кард. Додгоҳи Олӣ рӯзи 17 июл дар ин бора хабар пахш кард.

Тойғунбоев ҳамчунин вазифадор шуд, ки ба ҷониби зарардида - "Фурудгоҳи байналхалқии Манас" 9,6 млн доллар пардохт кунад.

Тойғунбоев дар замони раёсати падарарӯсаш бизнесҳои бузурги кишвар, аз ҷумла бизнеси атрофи пойгоҳи ҳавоии Манасро таҳти назорат дошт ва ҳамчунин фурӯдгоҳро бо маводи сӯхт таъмин мекард. Тойғунбоев ҳоло дар хориҷ паноҳ мебарад ва ба ин далел додгоҳ ҳукми ӯро дар ғиёбаш содир кард.

Шаҳрванди Қазоқистон Одил Тойганбоев, шавҳари пешини духтари президенти Қирғизистон Аскар Оқоев аст. Баъди инқилоби соли 2005 нисбати Тойғунбоев бо ҷурми "Қаллобӣ бо маслиҳати пешакӣ", "дуздӣ" ва "саркашӣ аз пардохти андоз" парванда боз шуд.

Солҳои ахир Тойғунбоев чанд дафъа, дар Маскав, Алмато ва Дубай боздошт шуд, аммо Бишкек натавонист ба истирдоди ӯ даст ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG