Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи ду филми нав дар бораи раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба зудӣ ду филми навро дар бораи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди тамошобинон хоҳад кард. Маҳмадсаид Шоҳиён (Пиров), раиси кумита, рӯзи 14-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, яке аз ин филмҳо “Президент” ном дошта, дар дасти танзим аст.

Шоҳиён гуфт, онҳо мехоҳанд, дар бораи президент як филми ҳунарӣ низ омода кунанд ва аз эҷодкорону хабарнигорон даъват намуд, пешниҳодҳои худро барои таҳияи тарҳи хуб ироа намоянд. “Мо иқтидори молӣ ва техникӣ дорем. Фақат зарфияти эҷодӣ лозим аст, ки як филми мукаммале рӯи кор ояд”, - афзуд ӯ.

Ӯ дар зимн аз филми бадеӣ дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мисол овард ва аз он ситоиш намуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то 1994 раиси Шӯрои олӣ ва аз он замон то кунун раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Соли 2016 Қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, якумрӣ шахси аввал дар Тоҷикистон боқӣ монад.

Дар бораи ӯ то кунун чандин филми мустанад ва беш аз сад асари таърихӣ ва бадеӣ иншо шудааст. Мунтақидон нашри чунин филму китобҳоро навъе шахспарастӣ ва васфу мадҳ кардани раҳбар арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, принсипҳои ҷомеаи демократӣ ба ин чизҳо ба чашми аҳамият нигоҳ намекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG