Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дар Порис аз мулоқоти писараш бо адвокати рус ҳимоят кард


Доналд Трамп ва Эммануел Макрон. Нишасти хабарии 13-уми июл. Порис
Доналд Трамп ва Эммануел Макрон. Нишасти хабарии 13-уми июл. Порис

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз мулоқоти соли гузаштаи писараш бо вакили дифои рус Наталя Васелнитская ҳимоят кард ва гуфт, "аксари афрод дар мавқеияти ба ин монанд дар замони интихобот ҳамин корро анҷом медоданд". Ӯ дар ин бора рӯзи 13-уми июл дар нишасти хабарии муштарак бо Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар Порис изҳори назар намуд. Трамп писарашро ҷавони ҳақиқатгӯ донист ва гуфт, гузашта аз ин мулоқоти вай бо як вакили оддии Русия сурат гирифтааст, на вакили давлатӣ.

Оғози ҳафтаи равон матбуоти Амрико аз мулоқоти Трампи хурдӣ бо вакили дифои рус дар ҷараёни интихоботи соли гузаштаи Иёлоти Муттаҳида хабар доданд. Доналд Трампи хурдӣ гуфт, ки мулоқоти ӯ бо вакили рус дар моҳи июни соли 2016 барои маъракаи президентии падараш маълумоти муҳим надошт ва ӯ дар ин бора ҳеҷ гоҳ бо падараш сӯҳбат накардааст.

Мулоқоти паси дарҳои баста

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе ҳамроҳи бонуи аввали ин кишвар Мелания Трамп ба Порис рафт. Ӯ рӯзи ҷумъа дар ҷашни озодии Бастилия ва садумин солгарди вуруди Амрико ба Ҷанги аввали ҷаҳонӣ иштирок хоҳад кард. Аммо пеш аз он, шоми 13-уми июл, бо Эммануел Макрон паси дарҳои баста мулоқот анҷом дод.

Баъдан Макрон дар нишасти матбуотии муштарак гуфт, ду тараф дар бораи талошҳои ҷаҳонӣ алайҳи терроризм ва ҷанги Сурия сӯҳбат кардаанд. Трамп ҳам гуфт, ки ӯву Макрон барои ҳамкории бештар барои хатми ҷанги шашсолаи Сурия тавофуқ кардаанд.

Трамп: Ҷангҷӯёни ДИИШ душмани инсониятанд

Ӯ гуфт, Вашингтону Порис дар якҷоягӣ барои шикасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мубориза хоҳанд кард. Доналд Трамп ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро душмани инсоният номид ва гуфт, ки онҳо бояд аз ҳамагуна сармоягузорӣ, шабака ва ҳимояти идеологӣ маҳрум шаванд.

Раиси ҷумҳури Амрико инчунин гуфт, дар ин мулоқот масъалаи Украина низ матраҳ буд.

Баъди як ҳафтаи нишасти Ҳамбург

Сафари Доналд Трамп ба Порис баъд аз як ҳафтаи нишасти сарони 20 кишвари саноатии ҷаҳон дар шаҳри Ҳамбурги Олмон сурат гирифт. Дар ин нишаст раҳбарони G20 натавониста буданд, мавқеи Трампро дар мавриди тағйири иқлим ва созиши иқлимии Порис тағйир диҳанд. Зоҳиран дар мулоқоти Порис низ ин масъала матраҳ шуда, аммо ҷонибҳо ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд.

Трамп дар оғози моҳи июни имсол созиши иқлимии Порисро “бори зиёдатӣ” барои мардуми Амрико хонда ва гуфта буд, бар асоси як пажӯҳиши анҷомшуда, иҷрои ин тавофуқнома то соли 2025 беш аз 2,5 миллион ҷои кориро аз байн хоҳад бурд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ин созишнома бар хилофи фоидае, ки барои дигар кишварҳо дорад, суде барои Иёлоти Муттаҳида надорад.

XS
SM
MD
LG