Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко нишасти Украинаву Иттиҳодияи Аврупоро ҳусни оғоз бахшид


Президенти Украина Петро Порошенко бо президенти Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер ва президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск
Президенти Украина Петро Порошенко бо президенти Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер ва президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск

Дар шаҳри Киев ҷаласаи дурӯзаи Украинаву Иттиҳодияи Аврупо ҷараён дорад. Президент Петро Порошенко ин нишастро аз ситоиши ҳамкориҳои ду ҷониб шурӯъ кард ва гуфт: “Рӯзи 11 июн, дуруст як моҳ пеш украиниҳо аз муқаррароти сафари бидуни раводид ба Аврупо бархурдор шуданд”. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат беш аз 100 ҳазор шаҳрванди дорои шиносномаи биометрӣ аз ин ҳақ истифода карданд. Порошенко дар ҳузури президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар нишасти Киев гуфт:

“Ҳақи интихоби оянда танҳо дар дасти украиниҳо аст. Ҳеҷ кишвари дигаре дар ҷаҳон ҳақ надоранд, ки моро аз ин ҳақ маҳрум кунад. Аз сӯи дигар, ҳеҷ як кишвари дигар чунин қимати гаронро барои тақвияти робитаҳои наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо пардохт накардааст”.

Порошенко гуфт, ки украиниҳо бо чашми сар шоҳиди наздиктар шудани робитаҳои Украинаву Иттиҳодияи Аврупо шуданд. Порошенко аз Аврупо барои кӯмакаш дар ҷанг дар муқобили Русия ташаккур кард, ки соли 2014 нимҷазираи Қримро ишғол карда дар ҷангҳои шарқи ин кишвар аз ҷудоиталабон пуштибонӣ кард. Дар ин ҷанг то ҳол беш аз 10 ҳазор нафар қурбон шудааст. Порошенко инчунин барои тамдиди мӯҳлати таҳрими Русия аз Иттиҳодияи Аврупо ташаккур кард ва гуфт, ки ин тасмим паёми ошкорест ба Русия, ки то замони итоаташ ба талаботи созишномаи Минск таҳримҳо побарҷо хоҳад монд. “Умедворам, ки рӯзе мерасаду як чунин нишасти Украинаву Иттиҳодияи Аврупоро дар Донетск ва Ялта барпо хоҳем кард”.

XS
SM
MD
LG