Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 50 миллион доллари дигар медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳимояти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ 50 миллион доллар ҷудо кард.

Ян Петер, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл гуфтааст, “ин барнома ба идораҳои давлатӣ кумак мекунад, ки шеваи бархӯрд бо офатҳои табииро аз усули “вокуниш” ба “пешгирикунанда” иваз намоянд.”

Яъне, ба таъкиди ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ, пулҳои ин барнома барои бунёди иншоот ва таҷҳизоти пешгирикунанда аз сел, ярч ва дигар офатҳои табиӣ равона хоҳад шуд, то зиёни аз онҳо мерасида ба иқтисоди кишвар коҳиш дода шавад.

Бино ба ҳисобҳои Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то 2016 дар натиҷаи офатҳои табиӣ Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1 миллиарду 800 миллион доллар хисорот дида, тақрибан 7 миллион одам аз он зиён дидааст.

Барномаи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар тӯли 6 соли оянда тавассути Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Пажӯҳишгоҳи геология ва Оҷонсии замин ва обёрӣ иҷро хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG