Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи раиси пешини КДАМ Қазоқистон ба додгоҳ рафт


Нортой Дутбоев - раҳбари пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон
Нортой Дутбоев - раҳбари пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон

Парвандаи раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) Нортой Дутбоев бо иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ ва сӯистифода аз мақом ба додгоҳ ирсол шуд. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар додааст.

Кумитаи давлатии Амнияти миллӣ ба матбуот гуфт, китаҳқиқи парвандаи Дутбоев хотима ёфт ва рӯзи 4 июл дар ихтиёри додгоҳи низомии Акмолин қарор гирифт.

Дутбоев, ки аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи феврали соли 2006 раиси КДАМ Қазоқистон буд, 26 декабри соли 2016 дастгир шуд. Дар доираи парвандаи мазкур мансабдорон Нурлон Ҳасан ва Нуртаев Ерлан ҳам боздошт гаштанд. Ин ҳар се ба ифшои сирри давлатӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешаванд. Азбаски тафтишот таҳти муҳри махфӣ анҷом шудааст, ҷузъиёти иттиҳом дастрас нест.

Ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон муҳлати ҳабси Дутбоев ва айбдоршавандаҳои дигарро то 26 июли соли равон тамдид кард.

XS
SM
MD
LG