Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати беҳдошт: ду исроилӣ дар Душанбе амалиёти пайвандсозии ҷигарро гузаштаанд


Дар Маркази миллии пайвандсозии узвҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бори нахуст ба ду шаҳрванди Исроил амалиёти пайвандсозии ҷигар анҷом дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки Исроил яке аз кишварҳои пешрафта дар арсаи тандурустӣ дар ҷаҳон эътироф мешавад.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 12 июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ “дар Маркази миллии пайвандсозии узвҳои Тоҷикистон 36 амалиёти пайвандсозии гурда ва ду ҷарроҳии пайванди ҷигар анҷом шудааст. Дар маҷмӯъ, аз хадамоти тиббии ин марказ то имрӯз 306 нафар истифода кардаанд, ки 36 нафарашон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Олимзода, “боиси ифтихор аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ чунин як амали мушкилро дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Сабаби асосиаш арзон будани ин амал дар кишвари мо аст. Ба унвони мисол, дар кишварҳои хориҷӣ пайвандсозии гурда аз 25 то 50 ҳазор доллар аст, дар мо бошад ин арзиш бамаротиб пойинтар аст. Ба ин далел то ҳол 17 шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон амали пайвандсозии гурда ва ҷигарро анҷом додаанд”.

Дар давоми ду соли гузашта дар Тоҷикистон 287 амалиёти пайвандсозии узвҳо анҷом шуда, дар 4 ҳолат марги беморон сабт шудааст.

Бархе аз мунтақидон мегӯянд, таҷрибаи пайвандсозии узвҳо дар Тоҷикистон ҳамоно нав аст ва на ҳама беморон ба мутахассисони ватанӣ эътимод доранд ва ҳанӯз ба анҷоми чунин амалиёти гарон дар хориҷа тарҷеҳ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG