Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон меояд


Имрӯз як ҳайати баландпояи Иттиҳодияи Аврупо вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Маҳбуба Абдуллоева, як масъули Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 12 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин ҳайат Мудири Кулли Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмиллалӣ Стефано Мансервиси ва намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Петер Бурианро шомил мебошанд.

Қарор аст ин ҳайат дар Тоҷикистон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва муовини якуми нахуствазир Давлаталӣ Саид мулоқот кунад. Баргузории ҷаласаи муштарак бо ширкати вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Абдусалом Қурбониён ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар назар аст.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар ҳайати мақомоти аврупоӣ аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шӯробод) вилояти Хатлон барои ошноӣ бо фаъолияти бозори наздимарзӣ ва гузаргоҳи марзӣ бо Афғонистон дидан мекунад. Дар ин сафар пешниҳоди сохтмони пули нави байнимарзӣ дар ноҳияи Фархор, ки аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо барои маблағгузорӣ пешниҳод шудааст, баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин сафар, ҷаноби Мансервисиро дигар мақомоти баландпояи Иттиҳодияи Аврупо ва инчунин намояндагони Бонки рушди Олмон "KfW" ва кормандони Бунёди Оғохон, ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистон аз соли 1992 бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ мекунад ва тӯли ин солҳо барои рушди арсаҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, тақвияти ҳифозати марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, обёрӣ ва тавсеаи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ 251 миллион евро кӯмакҳои бебозгашт дарёфт кардааст, ки ин маблағ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар мебошад.

XS
SM
MD
LG