Пайвандҳои дастрасӣ

Русия монеаи бунёди "Маҷрои шимолӣ"-ро "сиёсӣ" унвон кард


Лӯлаи нахустини тарҳи "Маҷрои шимолӣ"

Русия рӯзи 10 июл гуфт, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Вазири энержии Русия Александр Новак дар Кунгураи ҷаҳонии нафт, дар Истамбул гуфт, ки талабот ба энержӣ дар солҳои минбаъда бештар мешавад ва муҳим аст, ки "сиёсат" ба таъмини энержӣ халал нарасонад.

Ӯ гуфт, "Русия дар ин авохир бо монеаҳои сунъӣ рӯбарӯ мешавад - авлавиятҳои сунъии баъзе манобеи хоси энержӣ ва таъминкунандагони он."

Вазири энержии Русия гуфт, ки кишвараш дар татбиқи тарҳҳои зербиноӣ, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ба фоидаи муштарӣ аст, ба "харобкорӣ"-и ошкор рӯбарӯ шудааст. Ӯ дар ин замина аз тарҳи "Маҷрои шимолӣ-2" ёдовар шуд. Ин тарҳ, ки қарор аст гази Русияро тавассути қаъри баҳри Балтик то Олмон расонад, аз тарафи Берлин истиқбол шуда буд, аммо ба мухолифати Лаҳистон ва аъзои дигари Иттиҳодияи Аврупо рӯбарӯ шуд, ки аз вобастагӣ ба энержии Русия нигарон ҳастанд.

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп ахиран пешниҳод кард, ки Аврупои Шарқӣ гази моеъро аз Амрико харидорӣ кунад, ки дар муқоиса бо Русия манбаи амн аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG