Идораи нашрияи “Новая Газета” рӯзи 10-уми июл аз Михаил Федоров – раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон дар дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия – даъват кард, ки таваҷҷӯҳи ҳомиёни ҳуқуқ дар саросари ҷаҳонро ба таҳқиқи куштори оммавии боздоштшудаҳо дар Чеченистон ҷалб кунад. Нашрия дар бораи ин кушторҳо рӯзи 9-уми июл хабар дода буд.
Як рӯз баъд аз пахши ин матлаб дар “Новая Газета”, раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Telegram навишт, “нерӯҳои мухталиф бо истифода аз абзорҳои мушаххас мехоҳанд, суботро дар ҷумҳурӣ баҳам зананд.”
Вазири Чеченистон дар умури сиёсати миллӣ Ҷамбулат Умаров хабари нашрияро “дурӯғ” номид.
Пештар аз ин, ваколатдори ҳуқуқи инсон Татяна Москалкова гуфт, ки маълумоти “Новая Газета”-ро дар бораи афроди номбурда ба ниҳодҳои тафтишотӣ супурд. Кремлин ҳам гуфт, ин маълумоти нашрияро «ёддошт кардааст». Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ҳамчунин, ин нукта ба назар гирифта шуд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ин маълумотро рад мекунанд.
Ба маълумоти «Новая Газета», моҳи январи соли 2017 дастикам 27 боздоштшуда бидуни пурсишу санҷиш дар Чеченистон қатл шуд.
Манобеи нашрия дар ниҳодҳои интизомӣ гуфтаанд, дар вақти қатл мақомоти баландпояи ҷумҳурӣ ҳузур доштанд.