Пайвандҳои дастрасӣ

Георгий Кошлаков дар Душанбе ба хок супурда шуд. ВИДЕО


Георгий Кошлаков – собиқ муовини раиси Шӯрои вазирон ва мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон – рӯзи 10-уми июл дар шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Вай се рӯзи қабл бар асари сактаи қалбӣ дар 81-солагӣ даргузашт.

Маросими видои Кошлаков рӯзи душанбе бо иштироки мақомот, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Дар суханрониҳои кӯтоҳ гуфта шуд, ки Георгий Кошлаков дар рушди иқтисод ва тарбияи мутахассиони арсаи энержии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, ҳатто баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ кишварро тарк накард ва то охирин лаҳза дар Тоҷикистон монд.

Георгий Кошлаков аз соли 1974 сардори Раёсати геологияи Тоҷикистони Шӯравӣ ва аз соли 1984 ноиби аввали раиси Шӯрои вазирон ва соли 1991 вазири саноату захираҳои моддӣ буд. Ӯ дар оғози солҳои навадум ба ҳайси раиси Кумитаи иқтисоду ояндабинӣ низ кор кардааст.

Кошлаков дар солҳои бознишастагиаш ба ҳайси устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт ва раҳбари кафедраи иқтисод ва менеҷмент буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG